Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 тоҷик бо 12 кило ҳероин дар вилояти Маскав


Маъмурони ФСКН - Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия – аз боздошти 5 шаҳрванди Тоҷикистон бо 12 кило ҳероин дар вилояти Маскав хабар доданд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли бахши вилоятии ФСКН навишт, ки ду узви ин гурӯҳ ҳанӯз дар оғози моҳ апрел дар ҳудуди ноҳияи Истра дастгир шуданд. Онҳо, ба гуфтаи ин манбаъ, ҳероинро бо шакар омехта карда, барои фурӯши чакана баста карда буданд ва як сарой нигоҳ медоштанд. Баъдан ду узви дигари ин гурӯҳи қочоқбар дар ноҳияиҳои Химки ва Павлово-Посади вилояти Маскав ба даст афтода, боздошти нафари панҷум, ки яке аз созмондиҳандагони асосии ин шабака дониста мешавад, дар ноҳияи Одинтсово сурат гирифта, ин амалиётро ҳусни анҷом бахшидааст. Алайҳи ин панҷгона парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG