Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Амрико иҷоза дод, тундравҳо Рамодиро гиранд


Як рӯзномаи Эрон аз қавли фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон Амрикоро муттаҳам кардааст, ки ба тундравҳои “Давлати Исломӣ” иҷоза додааст, то дар Ироқ шаҳри Рамодиро ба тасарруфи худ дароранд.

Ин гузориш дар шумораи 25 маи рӯзномаи “Ҷавон”, ки ба сипоҳ наздикӣ дорад, дар ҳоле чоп шудааст, ки Аш Картер-вазири дифои Амрико як рӯз пеш аз нируҳои Ироқ интиқод кард ва гуфт, ки онҳо “хоҳиши ҷанг кардан надоранд”.

Аз даст додани Рамодӣ яке аз бохтҳои асосии низомиёни Ироқ дониста мешавад. Қосим Сулаймонӣ-фармондеҳи Сипоҳ гуфтааст, ки Амрико барои боздоштани тундравҳо аз пешравӣ ба Рамодӣ “коре накардааст”.

Аз сӯи дигар, нируҳои ҳукуматии Ироқ мегӯянд, ки онҳо заминаро барои дубора баргардонидани Рамодӣ омода кардаанд ва пешравӣ ба сӯи Рамодӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG