Пайвандҳои дастрасӣ

СПАД дар Ҷиргатол "Гром-2015" мегузаронад


Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон дар доираи амалиёти "Кӯкнор-2015" бо иштироки кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ё ОДКБ дар ноҳияи Ҷиргатол амалиёти фарогиреро таҳти унвони "Гром-2015" баргузор хоҳад кард. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсӣ, 20 май ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор меравад амалиёти "Гром-2015" моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат гирад ва ҳадаф бастани роҳҳое будааст, ки "гурӯҳҳои қочоқбар бо истифода аз он маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз инҷо ба Қирғизистон интиқол медиҳанд".

Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон қабл аз бургузории ин амалиёт барномаи амалиёти дохилии "Кӯкнор-2015"-ро тасдиқ намуд ва шурӯъ аз 20 май ин иқдом амалӣ хоҳад шуд. Ҳадафи он ҳамоҳангии нерӯҳои мақомоти қудратӣ дар баробари ҷилавгирӣ аз роҳҳои интиқол, истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир буда, киштҳои бангдонаҳои худрӯй ошкор ва маҳв карда хоҳад шуд.

Дар ҷаласаи ибтидоии ин амалиёт намояндагони Шӯрои амният, Вазорати умури дохилӣ, Кумиати давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук иштирок кардаанд. Амалиёти «Кӯкнор» дар қаламрави Тоҷикистон ҳар сол ду бор - аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр - анҷом дода мешавад.

XS
SM
MD
LG