Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вазиристон 4 тундрави Толибон ба қатл расиданд


Сарчашмаҳои кашфи Покистон мегӯянд, ки дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар минтақаи кӯҳистонӣ ва қабиланишини Вазиристони Шимолӣ дастикам се тундрав ба қатл расидааст.

Мақомоти расмие, ки аз худ ном набурдаанд, мегӯянд, ки ин ҳамла 18 май дар водии Шавол анҷом гирифтааст. То моҳи июни соли 2014 , яъне то замоне, ки нируҳои ҳукуматӣ амалиёти густарда дар ин минтақаро оғоз карданд, тақрибан назорати ҳамаи ин минтақа дар ихтиёри Толибони Покистон буд.

Толибон то ҳол манотиқи дурафтода ва ҷалгалии ин минтақаро дар контроли худ доранд ва гаҳ-гоҳе онро барои ҳамла ба нируҳои Покистон истифода мекунанд.

18 май мақомот гуфтанд, ки ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар минтақаи Датта Хели Вазиристони Шимолӣ 4 тундравро куштаанд.

XS
SM
MD
LG