Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунати ҷинсӣ аз сӯи нируҳои амниятӣ зиёд шудааст


Бино ба гузороиши нави Федератсияи байналмиллалии ҳуқуқи башар, нируҳои амниятии Миср баъд аз расидани низомиҳо ба қудрат дар соли 2013 сабабгори хушунатҳои зиёди ҷинсӣ шудаанд.

Бар асоси гузориш, ин хушунатҳо аз таҷовузи ҷинсӣ, санҷишҳои бакорат ва тӯҳматҳои ҷинсӣ иборат аст. Гузориш 19 май ба нашр расидааст.

Қурбонии хушунатҳои ҷинсӣ аъзои созмонҳои ғайридавлатӣ, донишҷӯёни эътирозгар, зануону кӯдакон ва ононе будаанд, ки «ба вазъи маънавии ҷомеа», аз қабили ҳамҷинсгароён хатар доштааанд.

Аксари ин хушунатҳои ҷинсӣ ҳангоми боздошт ва дар боздоштгоҳҳо анҷом гирифтааст. Дар ин бора Абдулкарим Лоҳиҷӣ-раиси Федератсияи байналмиллалии ҳуқуқи башар хабар додааст.

XS
SM
MD
LG