Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи Хуҷанд ғолиби озмуни "Энактус" шуд


Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар озмуни “Энактус” байни мактабҳои олии Тоҷикистон ҷоизаи аввалро ба даст овард. Ин озмун дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои макотиби олии кишвар баргузор ва рӯзи шанбеи 15 -уми май ҷамъбаст шуд. Далер Қосимов, раҳбари дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва муҳассили соли дуюми факултаи физикаю техникаи ин донишгоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ба ин озмун 5 барнома пешниҳод ва муаррифӣ карданд. Ба гуфтаи вай, мавзӯи ин барномаҳо аз фароҳам кардани ҷойҳои корӣ барои одамони имконияташон маҳдуд, ҷамъоварӣ ва аз нав сохтани лампаҳои каммасрафи корношоям, фаъол кардани гармхона бо гармии корхонаи хишт иборат буд. Вай афзуд, онҳо ин барномаҳоро дар натиҷаи кор бо одамони имконияташон маҳдуд ва таҷрибаву таҳқиқоти худ таҳия намуданд ва шоданд, ки ҳакамон онҳоро беҳтарин донистанд.

Далер Қосимов дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки баъди пирӯзӣ оё барои амалӣ кардани ин барномаҳо имкон ва дастгирии молие пайдо кардаанд, гуфт, ки фақат ҷоми ғолиби озмун ва гувоҳномаи онро ба даст овардаанд. Вале мусоҳибам афзуд, ки ин пирӯзӣ роҳҳоеро барои татбиқ шудани барномаҳояшон дар оянда пешорӯи онҳо боз кардааст. Ба гуфтаи вай, 41 аъзои дастаи ғолиби озмун моҳи октябри соли равон дар озмуни байнулмилалӣ, ки байни донишҷӯёни 36 давлати ҷаҳон дар кишвари Африқои Ҷанубӣ баргузор мегардад, бо барномаи такмилнамудаи хеш, Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард. Вай афзуд “дар ҳолати пирӯзӣ дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, барномаҳои мо манзури мутахассисону коршиносон ва тоҷирон хоҳад шуд ва дар сурати писандидан, барномаҳои моро харидорӣ хоҳанд кард.”

Озмуни “Эрактус”, ба маънии “фаъолияти тиҷоратии донишҷӯён” аз чандин сол инҷониб байни мактабҳои олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Ду сол қабл номи ин озмун аз “САЙФ” ба “Эрактус” табдил шуд. Дар озмуни имсола ҷои дуюмро Донишкадаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба даст оварданд. Дастаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни «Энактус» бори дуюм ҷоизаи асосиро соҳиб мешавад. Бори аввал ин даста соли 2007 соҳиби ин ҷоиза шуда буд.

XS
SM
MD
LG