Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба меҳмонсарои хориҷиён дар Кобул


Мардони мусаллаҳ ба як меҳмонсарои хориҷиён дар пойтахти Афғонистон ҳамла карданд ва бо нерӯҳои амниятии ин кишвар вориди даргирӣ шуданд. Ин меҳмонсаро бо номи Park Palace Hotel дар мавзеи Кулула Пуштаи Кобул воқеъ аст. Нерӯҳои давлати Афғонистон ҳамаи роҳҳои ин минтақаро бастаанд. Сардори пулиси Кобул Абдулраҳмон Раҳимӣ мегӯяд, аз даруни бино садои тирандозӣ ба гӯш мерасад. Масъулияти ин ҳамларо то ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст, аммо ҷунбиши Толибон борҳо ба чунин ҳамлаҳо даст задаанд. Нимаи аввали 13 май мусаллаҳон ба рӯҳониёни мусулмон дар вилояти Ҳилманд тир кушода буданд. Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтанд.

XS
SM
MD
LG