Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷике барои "терроризми телефонӣ" маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Челябински Русия шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар вилояти Курган сабти ном шудааст, барои занги таҳдидомези "бомбагузорӣ дар Қасри варзиши "Ҷавонӣ" шартан ба 9 моҳи зиндон маҳкум кард. Ошкор шудааст, ки ӯ дар ҳолати мастӣ ба мақомоти Челябинск занг зада таҳдид кардааст, ки ба зери толори ин маркази варзиш мина гузоштааст. Ҷазо барои "терроризми телефонӣ" дар Русия як сол пеш пурзӯр карда шуд. Бино бар таҳрири нави қонуни кайфарии ин кишвар, агар чунин амал сабаби зиёни бузург гардад, гунаҳкори он то 1 миллион рубл ҷарима ё ба 5 соли ҳабс маҳкум мешавад.

XS
SM
MD
LG