Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 қандаҳорӣ аз таркиши мина


Бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар вилояти Қандаҳори Афғонистон дасти кам панҷ сокини осоишта кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Самим Ахплвак, сухангӯи волии Қандаҳор, гуфт, ки таркиш рӯзи 12 май дар минтақаи дурдасти Арғистон рӯй дод. Дар ин ҳодиса ду зан ва як кӯдак ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи Самим Ахплвак, тафтиши ин ҳодиса шурӯъ шудааст ва ҳоло суол ин аст, ки минаи сарироҳиро “Толибон” ахиран гузоштаанд ё солҳои пеш.

Масъулияти таркишро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст, аммо ҳукумати Кобул ангушти иттиҳом сӯи "Толибон" кардаанд, ки Қандаҳорро аз пойгоҳҳои асосии худ дар Афғонистон мехонанд.

XS
SM
MD
LG