Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди нави иқтисодии Чину Русия


Русия ва Чин чанд созишномае имзо карданд, ки ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии байни ин ду кишвар равона шудааст. Дар ин бастаи созишномаҳо қарордоди пешкаши қарзе дар ҳаҷми 6 миллиард юан ($966.43 миллион доллар) ба бонки русии “Сбербанк” аз ҷониби Бонки рушди Чин зикр мешавад. Ин созишномаҳо дар ҷараёни мулоқоти президентони Русия ва Чин - Владимир Путин ва Си Ҷинпин, ки барои ширкат дар ҷашнгирии 70-солагии ғалаба дар Маскав қарор дорад, имзо шуданд. Путин аз Чин ба унвони як шарики стратегӣ ва калидӣ ситоиш кард. Ҷинпин дар навбати худ Путинро ба тамошои Чин дар таърихи 3 сентябри соли ҷорӣ даъват кард.

XS
SM
MD
LG