Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди оташбаси муваққат дар Яман


Арабистони Саудӣ гуфт, ба як оташбаси панҷрӯза дар Яман омода шудааст, то ки ба миллионҳо мардуми мулкии ин кишвари дар ҳолати ҷанг кӯмаки башарӣ интиқол дода шавад. Пешниҳоди оташбас, ки дар як изҳороти муштараки вазири умури хориҷаи Саудӣ ва котиби давлатии ИМА садо дод, дар ҳолест, ки эътилофи ба раҳбарии Саудия ҳушдор додааст, ки зидди шӯришиёни ҳутӣ “бо баландтарин нарх” омода аст мубориза барад. Ин изҳорот дар паи кушта шудани 5 шаҳрванди Саудӣ дар як минтақаи марзӣ садо дод. Сухангӯи нирӯҳои эътилофӣ генерал Аҳмад Ал-Асирӣ гуфт, ки барои эътилоф ва ҳам нирӯҳои мусаллаҳи Саудия амнияти ин кишвар дар авлавияти кор аст. Дар як мулоқот дар Риёз вазирони хориҷии Саудия ва ИМА – Абдул Ал-Ҷубайр ва Ҷон Керрӣ аз пешниҳоди оташбаси муваққатӣ чун як шонси ҷиддии коҳиши бӯҳрон пуштибонӣ карданд. Ҳанӯз шӯришиёни яманӣ вокуниш накардаанд.

XS
SM
MD
LG