Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Британия райдиҳӣ дар интихоботи порламонӣ идома дорад. Ин интихобот метавонад сарнавишти боқӣ мондани ин кишвар дар таркиби Иттиҳодияи Аврупоро зери суол барад ва ба эҳтимоли зиёд масъалаи истиқлоли Шотландия низ матраҳ мешавад.

Бар ҷараёни ин интихобот дар саросари ҷаҳон назорат мекунанд, зеро он ба мавзеъгирии ин кишвар ба унвони узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ва як кишвари дорои силоҳи ҳастаии узви НАТО иртибот дорад.

Райдиҳӣ соати 7 субҳ оғоз ёфт ва соати 20 вақти маҳаллӣ ба поён мерасад. Дар ин интихобот райдиҳандагон ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби Муҳофизакор ба сарпарастии нахуствазир Девид Камерон, ба Ҳизби Коргар-ба сарпарастии Эд Миллибанд ва чанд ҳизби дигари хурд рай медиҳанд. Муҳофизакорон мавзеъгирии рости марказгаро ва Ҳизби Коргар мавзеъгирии чапи марказгаро доранд.

Маҷлиси муштараки порламон дорои 650 курсӣ аст ва ҳар ду ҳизби аслӣ, яъне Ҳизби Муҳофизакор ва Ҳизби Коргар даъво мекунанд, ки дар интихобот пирӯз мешаванд.

Ин бад-он маъност, ки кадоме аз онҳо зудтар қадам пеш мегузорад ва ҳизбҳои хурдро барои дохил кардан ба ҳукумат ба худ моил мекунад.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои муқаддамотӣ соати 22 вақти маҳаллӣ эълон шавад. Шумораи курсиҳо дар порламон рӯзи дигар дар нисфирӯзии 8 май эълон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG