Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 оилаи тоҷик ба "Давлати Исломӣ" пайвастаанд


Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ки дар ин ҳамоиш ҳузур дошт, гуфт, дар робита ба афроде, ки барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, 150 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай афзуд, ҳоло 40 хонаводаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурияанд. Даъваткунандагон ба "ҷиҳод", тавре вазир гуфт, асосан ҷавонони варзишгарро ҳадаф қарор медиҳанд ва дар байни ҷавононе, ки ба Сурия рафтаанд, варзишгарон зиёданд, аз ҷумла як қаҳрамони секаратаи самбои ҳарбӣ низ ҳаст. Бино ба гузоришҳо, то кунун тақрибан 300 ҷавони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Сурия ва Ироқ пайваста ва дар ҷангҳои онҷо бештар аз 50 нафарашон кушта шудаанд. Ҷаноби Раҳимзода афзуд, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия чандин нафареро ошкор кардааст, ки бо ҷалби ҷавонон ва фиристодани онҳо ба Сурия ва Ироқ машғуланд. Ба гуфтаи вазир, чунин афрод дар худи Тоҷикистон низ ифшо ва боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG