Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ситоди муштараки артиши Амрико иваз мешавад


Генерал Ҷозеф Данфорд
Генерал Ҷозеф Данфорд

Мақомоти Амрико мегӯянд, ки 5 май Барак Обама-раиси ҷумҳури ин кишвар генерал Ҷозеф Данфордро, ки дар ҷангҳои Афғонистону Ироқ фармондеҳи нируҳои амрикоӣ ва НАТО буд, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико муаррифӣ мекунад.

Данфорд 59 сола аст ва дар ин мақом генерал Мартин Демпсейро иваз мекунад. Демпсей моҳи сентябр аз мақоми худ истеъфо медиҳад.

Пеш аз расидан ба мақоми фармондеҳи нируҳои дарёии Амрико дар соли 2014 Данфорд фармондеҳи нируҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон буд ва масъулияти амниятиро дар поёни соли 2014 ба нируҳои Афғонистон супурд.

Ҳамчунин интизор меравад, ки Обама генерали нируҳои ҳавоӣ Пол Селваро муовини раиси ситоди муштарак муаррифӣ намояд.

XS
SM
MD
LG