Пайвандҳои дастрасӣ

Таъини ду ноиби Абдуфаттоҳи Ғоиб ва...


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 май ду ноиби нави Абдуфаттоҳи Ғоиб -- раҳбари Хадамоти гумрукро таъин кард. Бар асоси ин таъиноти нав, Хуршед Каримзода муовини аввал ва Сӯҳроб Сайдализода муовини раиси Хадамоти гумрук шудаанд.

Дар ин рӯз дар Шӯрои адлия, мақомоти додгоҳӣ, Вазорати тандурустӣ ва меҳнат, Агентии стандартизатсия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Санъат Раҳим сардори нави Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Ибодулло Қурбонов --директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумат таъин гардидаанд. Дафтари раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, Рустам Шоев муовини якум, Муҳаммадҷон Кенҷаев ва Ҷамшед Маҳмадов муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Тоир Каримов сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Шаҳло Ашӯрова директори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ шудаанд.

Нусратулло Садирзода - раиси додгоҳи шаҳри Душанбе ва Алишо Қурбониён, Гулбону Саидзода ва Асомуддин Абдураҳимов муовинони ӯ таъин гардидаанд. Ба ҷуз ин, 11 нафар аз вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти додгоҳии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сабаби расидан ба синни нафақа ва як нафар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақомҳояшон озод шудаанд.

XS
SM
MD
LG