Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гургони шабгард" ба Австрия расиданд


Гургони шабгард дар Словакия дар рӯзи 30-уми апрел
Гургони шабгард дар Словакия дар рӯзи 30-уми апрел

Аъзои клуби мотосиклронҳои миллатгарои рус бо номи Гургони шабгард дар назди пайкараи сарбозони рус, ки шаҳри Венаро аз дасти Олмони фашистӣ озод карданд, гул гузоштанд. Гургони шабгард як гурӯҳи тарафдори ҳукумати Русия аст ва сафареро барои таҷлил аз 70-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар кишварҳои аврупоӣ анҷом медиҳад ва қарор аст саёҳаташон рӯзи 9-уми май дар шаҳри Берлин анҷом ёбад. Мақомоти Аврупо ин cаёҳати Гургони шабгардро танқид карданд ва Лаҳистон онҳоро ба қаламраваш роҳ надод, ки инро намоёнгари сардӣ дар муносиботи Лаҳистон ва Русия медонанд. Сабаби ин сардӣ нақши Русия дар муноқиша дар Украина аст. Ба гуфтаи пулиси Вена, пойтахти Австрия рӯзи 2-уми май барои дидани маросими гулгузорӣ дар назди пайкара 500 нафар ҷамъ омаданд. Сергей Нечаев, сафири Русия дар Вена дар ин маросим ҳузур дошт ва ба мақомоти Австрия барои иҷоза додан ба маросим ташаккур гуфт. Гургони шабгард, ки Владимир Путин бо онҳо якҷоя мотосикл рондааст, тарафдори сиёсатҳои ӯ ҳастанд ва ҳамроҳ кардани Қрим ба қаламрави Русияро низ тарафдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG