Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Русия гуфт, Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ барои ширкат дар маросими таҷлили пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар рӯзи 9-уми май ба Маскав намеояд. Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 30-уми апрел гуфт, Ким Ҷонг Ун тасмим гирифтааст, ки “дар Пхенян бимонад” ва сабаби ин қарораш, масоили дохилӣ дар Куриёи Шимолӣ аст. Ба гуфтаи Дмитрий Песков, хабари наомадани раҳбари Куриёи Шимолиро аз тариқи шабакаҳои дипломатӣ ба онҳо расонидаанд. Пеш аз ин мақомоти Русия гуфта буданд, ки Ким Ҷон Ун ба даъватнома барои ширкат дар маросими 70 солагии пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ҷавоби мусбат додааст. Дар сурати омадан ба Маскав, ин аввалин сафари Ким Ҷонг Ун ба хориҷ мебуд. Аз замони расидан ба қудрат дар се соли пеш ӯ то кунун ба кишвари хориҷие сафар накардааст. Раҳпаймоии низомиеро, ки дар Майдони Сурх мегузарад, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия раҳбарӣ мекунад, вале бисёре, раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ба Маскав намеоянд, ки инро аломати танаффури онҳо аз дахолати Русия ба муноқиша дар Украина медонанд.

XS
SM
MD
LG