Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази Толибон дар Кундузро нобуд кардаанд


Пулиси Афғонистон гуфт, ҳаста ва ё маркази ҷангҷӯёни Толиб дар вилояти Кундузро нобуд кардаанд ва нерӯҳои амниятӣ барои монеъ шудан ба вуруди ҷангҷӯён аз Покистон чораҳои иловагӣ меандешанд. Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулис рӯзи 29-уми апрел гуфт, ҳалқаи муҳосираи ҷангҷӯёни Толиб дар шаҳри Кундуз ва чаҳор минтақаи дигари ҳамин вилоят тангтар шудааст ва нерӯҳои афғон барои овардани оромиш дар Кундуз талош доранд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа рӯзи 29-уми апрел гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ дар ноҳияи Гултеппа бо Толибон меҷанганд. Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Афғонистон, баъди ҳамлаи Толибон ба вилоят, ки рӯзи 24-уми апрел шурӯъ шуд, 200 ҷангҷӯро куштанд ва 13 сарбози худро ҳам талаф доданд. Пештар аз ин вазорат гуфт, ки 5 афсари пулис ва 28 тани дигар аз ҷумла як фармондеҳи асирафтода ба дасти Толибон бенишон шудаанд. Дар натиҷаи ин ҷангҳо 2 ҳазор хонавода аз Кундуз фирор кардаанд.

XS
SM
MD
LG