Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев: "Холаи ман дар Тоҷикистон зистааст"


Боздиди сарвазири Русия Дмитрий Медведев (чап) ва сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов аз намоишгоҳи Тоҷикистон

Боздиди сарвазири Русия Дмитрий Медведев (чап) ва сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов аз намоишгоҳи Тоҷикистон

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев ва сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов гӯша-намоишгоҳи саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фошизмро дар Осорхонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав зиёрат карданд. Дар ин ҷо ёдвораҳо, аз ҷумла санад ва чизҳои шахсии сарбозон аз Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳангоми боздид аз намоишгоҳ Медведев ба саҳми Тоҷикистон дар ғалабаи СССР бар Олмони ҳитлерӣ дар солҳои 1941-45, ки зиёда аз 300 ҳазор шаҳрванди худро ба ин ҷанг фиристода буд, таъкид кард. "Онҳо якҷо бо ҳамаи халқҳои СССР зидди фошизм ҷангиданд. Мо дар соли 1945 ин ғалабаро тақсим накардаем ва ҳоло низ намекунем. Ин пирӯзии якҷояи ҳамаи мо ва иди муштараки мост," -- гуфт Медведев. Вай ҳамчунин ба он ишора кард, ки дар солҳои ҷанг Тоҷикистон оғӯши худро ба ҳазорон нафаре боз кард, ки аз ҷабҳа ба ақибгоҳ кӯчонда мешуданд. "Модари худи ман он солҳо дар Тоҷикистон зистааст ва мо борҳо дар ин бора бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат кардаем," -- гуфт сарвазири Русия дар сӯҳбат бо сафири Тоҷикистон. Намоишгоҳи Тоҷикистон яке аз даҳҳо гӯшаҳоест, ки ба саҳми ҷамоҳири шӯравии пешин бахшида шуда, аз тарафи кормандони Осорхонаи марказии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав таҳия гаштааст.

XS
SM
MD
LG