Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Қазоқистон


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Кумиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии 26 апрели ин кишварро нашр кардаст. Бар асоси ин натиҷаҳо, Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури кунунии Қазоқистон 98 дарсади райи интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Рақибони интихоботии вай Тургун Сиздиков-раиси Ҳизби Куммунист ва Абелгазӣ Кусаинов-номзади мустақил як дарсадӣ рай гирифтаанд.

Интизор меравад, ки Нурсултон Назарбоев чун раиси ҷумҳури мунтахаб 29 апрел бори дигар чун раиси ҷумҳур савганди вафодорӣ ёд кунад. Вай аз соли 1991 ба ин сӯ раҳбарии Қазоқистонро бар уҳда дорад.

XS
SM
MD
LG