Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Сербия мегӯянд, ки дар моҷарои мухлисони дастаҳои футболи “Красная Звезда” ва “Партизан” дасти кам 50 нафар захмӣ шуданд. Низоъ миёни мухлисон қабл аз бозии ин дастаҳои футболи шаҳри Белград шоми шанбе рӯй дод. Дар бархӯрд мухолисон аз сангу калтак истифода карданд, аз ин рӯ шурӯибозӣ барои чиҳил дақиқа ба таъхир уфтод.

Мухлисони дастаи “Красная Звезда” сӯи кормандони полис петарда андохтанд. Баъди ба майдон партофтани петарда довар бозиро барои ҳафт дақиқа мутаваққиф кард.

Вазорати умури дохилии Сербия хабар дод, ки “бар асари рафтори авбошонаи мухлисон 35 корманди полис ҷароҳатҳои сабук бардоштанд”. Полис 41 мухлисро боздошт кард.

XS
SM
MD
LG