Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навоз Шариф ба Арабистони Саудӣ рафт


Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар талоше барои тармими равобит бо Арабистони Саудӣ ба ин кишвар сафар кард. Аз ин пеш порлумони Покистон дархости Саудӣ барои ширкат дар амалиёт алайҳи ошӯбгарони ҳусӣ дар Яманро рад кард. Навоз Шариф ҳамроҳ бо Хоҷа Осиф, вазири мудофиаи Покистон рӯзи 23-уми апрел бо Салмон, шоҳи Арабистони Саудӣ ва дигар мақомоти баландпоя гуфтӯгу карданд. Сафорати Покистон дар Риёз гуфтааст, ки Навоз Шариф, мухолифати порлумон ба ширкат дар амалиёти низомӣ дар Яманро ба шоҳ Салмон шарҳ додааст. Ӯ ҳамчунин ба шоҳ Салмон гуфтааст, ки Исломобод аз Эрон талаб дорад, ки ошӯбгарони ҳусиро ба музокирот моил кунад. Як эътилоф ба раҳбарии Арабистони Саудӣ як моҳ мавзеъҳои ошӯбгарони ҳусӣ дар Яманро бомборон карданд, то монеи пешравии онҳо шаванд. Ба гуфтаи эътилоф, ҳоло марҳилаи дуввуми мусоидат ба ҷараёнҳои сиёсӣ дар Яман ва кӯмак ба ин кишвари ҷангзада шурӯъ шудааст ва айни замон ҳамлаҳои ҳавоӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG