Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар номае ба Додситони кулли Тоҷикистон аз ин ниҳоди давлатӣ хост, ба коҳиши фишор сари бахшҳои маҳаллӣ ва аъзои ин ҳизб мусоадат кунад. Дар нома аз чандин мавриде мисли “монеагузорӣ дар роҳи сафари масъулони ҳизб”, мавъизае зидди ин ҳизб барои намози ҷумъа, даъват ба бастани ҳизб ҳамчун созмони террористӣ дар нишасти ташкилкардаи Вазорати умури дохилӣ, маҳрум кардани аъзои ҳизб аз фаъолиятҳои тиҷоратӣ, фишор барои хориҷ шудан аз ҳизб ва монанди инҳо намуна оварда шуда, аз Додситони кулли Тоҷикистон ва ниҳодҳои тобеи ӯ дархост шудааст, иҷрои баробари қонунҳоро назорат ва хилофкорҳоро мавриди баррасӣ ва муҷозот қарор диҳанд. Шӯрои ҳизб ҳамчунин хостааст, як ҳайати намояндагони он аз ҷониби Додситони кулли Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта шавад.

XS
SM
MD
LG