Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сомалӣ автобуси СММ инфиҷор шуд


Бар асари таркиш дар як автобуси дафтари СММ дар Сомалӣ рӯзи 20 апрел дасти кам шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Афсари полис Абдуллоҳи Муҳаммад, тасдиқ кард, ки дар ин ҳодиса дар шаҳри Героу, воқеъ дар шимолу шарқи Сомалӣ, кормандони дафтари СММ ҷон бохтаанд.

Аммо хабаргузории Рейтер бо такя ба гуфтаҳои дигар корманди полис дар бораи ҳалокати дасти кам 9 нафар – ду шаҳрванди Кения ва ҳафт муҳофиз аз Сомалӣ иттилоъ додааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки автобус бар асари ҳамлаи маргталаб инфиҷор шудааст ё бомбро дар автобуси кормандони СММ ҷойгузорӣ карда буданд.

Масъулияти ҳамларо то ҳол ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин гуна ҳамлаҳоро дар Сомалӣ асосан гурӯҳи “Ал-Шубоб” анҷом медиҳад, ки ҳадафаш ҷорӣ кардани қавонини шариат дар ин кишвар аст. Ҳафтаи гузашта мусаллаҳони ин гурӯҳ ба як бинои ҳукуматӣ дар Могадишо, пойтахти Сомалӣ, ҳамла карда, дасти кам даҳ нафарро куштанд.

XS
SM
MD
LG