Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муженко нерӯҳои Русияро дар Украина фош кард


Генерал Виктор Муженко, раиси Ситоди умумии нерӯҳои мусаллаҳи Украина бори аввал аз чанд қисми низомии Русия ном бурд, ки дар қаламрави Украина қарор доранд ва аз тарафи ҷудоихоҳон дар ҷангҳо ширкат меварзанд.

Генерал Муженко дар мусоҳибае, ки 18 апрел вазорати дифои Украина ба нашр расондааст мегӯяд, бо вуҷуди имзои созишномаи оташбас то ҳоло қисмҳои ҳарбии Русия дар қаламрави Украина қарор доранд. Ин созишнома моҳи феврал дар Минск ба имзо расида буд ва бар асоси он бояд нерӯҳои хориҷӣ аз хатти ҷабҳа фаро хонда шаванд.

Русия изҳороти Киев ва кишварҳои ғарбиро борҳо рад кардааст, ки Маскав ба ҷудоихоҳон кумак намекунад ва ба шарқи Украина нерӯ низ нафиристодааст.

XS
SM
MD
LG