Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон тайи ду рӯзи ахир як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддирро дар се минтақаи Тоҷикистон боздошт карданд, ки қасди интиқоли 51 кило ҳашиш ва 2 кило ҳероинро аз Хуҷанд ба Русия доштааст. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорати бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рӯзи 17 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта кормандони Оҷонсӣ зимни як амалиёти густарда аъзои як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи мавоиди мухаддир иборат аз чаҳор нафар, ду сокини Бадахшон ва як сокини вилояти Хатлон ва як истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо боздошт карданд, ки 51 кило ҳашиш ва 2 кило ҳероинро мехостанд аз Чкаловски вилояти Суғд ба Русия интиқол диҳанд.

Хушнуд Раҳматуллоев афзуд, ки ду рӯз қабл яке аз аъзои ин гурӯҳ дар шаҳри Чкаловск бо 26 кило ҳашиши боздошт шуд ва рӯзи дигар дар вилояти Хатлон як узви дигар бо 15 кило ҳашиш дастгир карда шуд. Ва баъдан ду нафари дигари ин гурӯҳ дар шаҳри Душанбе бо 10 кило ҳашиш ва 2 кило ҳероин боздошт шудааст.

Гурӯҳи мазкур қасд доштаанд, ки дар Хуҷанд ҳамаи миқдори ҳашишро ҷамъ намуда, аз тариқи ҳавопаймо ба Русия интиқол диҳанд. Феълан Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба хотири ошкор кардани ҳамкорони ин гурӯҳи созмонёфта, ному насаби боздоштшудаҳоро пинҳон медоранд. Хушнуд Раҳматуллоев афзуд, онҳо ин миқдор ҳашиширо аз Афғонистон тариқи Бадахшон ба ноҳияи Шӯрообод оварда, аз онҷо ба шаҳри Душанбе ва баъдан ба шаҳри Чкаловск интиқлол доданд.

XS
SM
MD
LG