Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо 18 кг ҷӯроб


Рӯзи душанбеи 13 апреля дар фурудгоҳи шаҳри Нижневартовски Русия бори як шаҳрванди Тоҷикистон мусодира шуд, ки хостааст, бо 18 килограмм ҷӯроб вориди Русия шавад. Ин мусофири хатсайри ҳавоии «Хуҷанд – Нижневартовск» ба кормандони гумруки Русия гуфтааст, ки мехост 434 ҷуфт ҷуробро дар бозори шаҳр фурӯшад. Аммо бори ӯ ҳамчун моли эълоннашуда мусодира гашта, зидди ин шаҳрванд парвандаи маъмурӣ боз шуд. Дар ҳоли исботи ҷурм моли ӯ мусодира шуда, ба ғайр аз ин ба андозаи аз ду як ҳисса то ду баробари нархи молаш ҷарима хоҳад гашт.

XS
SM
MD
LG