Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг барои бузургтарин чоҳи нафти Ироқ


Фармондеҳи аршади нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ҳарбиёни ин кишвар ба дидбонии ҳавоӣ ва бомбаборони атрофи Байҷӣ, бузургтарин полоишгоҳи нафти Ироқ тамаркуз доранд, ки моҳҳо ба ин сӯ ҳадафи гурӯҳи "Давлати Исломӣ" қарор гирифтааст. Генерал Мартин Демпсӣ, сардори ситоди муштараки артиши ИМА рӯзи 16 апрел ба хабарнигорон гуфт, ситезаҷӯёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ", ки аллакай шаҳри шимолии Байҷиро зери назорат гирифтаанд, талош доранд, ба полоишгоҳи нафт, ки калонтарин муассисаи саноати нафти Ироқ аст, даст ёбанд. Вале, афзуд ӯ, полоишгоҳ алҳол зери хатари бевосита нест. Корхонаҳои поксозии нафт барои гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ба манбаи асосии даромад табдил ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG