Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти 16 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман тавассути Дубай


кӯдакони тоҷики аз Яман беруновардашуда
кӯдакони тоҷики аз Яман беруновардашуда

Ҳавопаймои хатсайри Дубай-Душанбе имрӯз гурӯҳи 16-нафараи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки роҳи дарозеро барои берун шудан аз Яман тай кардаанд, ба ватан овард. Ин гурӯҳ иборат аз ходимони тиби Тоҷикистон ва аъзои хонаводаи онҳо аст, ки тӯли чандин сол дар давлати Яман дар муассисаҳои тиббии ин кишвар кор мекарданд. Роҳи ин гурӯҳ махсусан мушкилу тӯлонитар назар ба гурӯҳҳои дигари шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Ин гурӯҳ, ки аз минтақаи Ҳазрамаут, воқеъ дар 1000-километрии пойтахти Яман шаҳри Санъо кору зиндагӣ мекард, баъди машваратҳои чандинҷониба бо дипломатҳои тоҷик оғози ҳафтаи ҷорӣ дар Арабистону Саъудиву Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб, ба хотири фирор аз манотиқи ҷангӣ, ниҳоят тавассути роҳҳои заминӣ аз қаламрави давлати Уммон берун оварда шуд. Давлати Уммон ҳам дар фосилаи ҳазоркилометрии минтақаи Ҳазрамаут ҷойгир аст. Баъди Уммон ин гурӯҳ ҳамчунон бо роҳҳои заминӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб расида ва ниҳоят субҳи имрӯз бо хатсайти Дубай-Душанбе ба Тоҷикистон оварда шуд.

Ба иттилои вазорати умури хориҷа, то кунун аз қаламрави Яман беш аз 170 шаҳрванди Тоҷикистон берун оварда шудаанд. Тахминан 20-30 нафари дигар дар Яман мемонанд ва аксарияти онҳо бо хоҳиши худ қарор кардаанд ин кишвари дар ҳоли ҷангро тарк накунанд.

XS
SM
MD
LG