Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Кастро дасти ҳамдигарро фишурданд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА ва Раул Кастро, раҳбари Куба баъд аз ифтитоҳи нишасти сарони кишварҳои қорави Амрико дар Панама дасти ҳамдигарро фишурданд ва чанд лаҳза сӯҳбат карданд. Қарор аст, ки рӯзи шанбе, 11 апрел, нахустин дар 50 соли ахир мулоқоти расмии сарони ду кишвар баргузор шавад.

Аз ин пеш Кастро ва Обама дар маросими дафни раҳбари Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела дар моҳи декабри соли 2013 бо ҳам сӯҳбати кӯтоҳ доштанд. Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ баъдан изҳор намуд, ки ин мулоқот пешакӣ тарҳрезӣ нашуда буд ва тасодуфан ба вуқуъ пайваст.

Қабл аз ифтитоҳи нишасти сарони қораи Амрико дар Панама Барак Обама изҳор намуд, ки аз ин баъд Иёлоти Муттаҳида ба ин осонӣ ба умури кишварҳои Амрикои Лотинӣ дахолат нахоҳад кард.

Дар нишасти Панама сарони 35 кишвари қораи Амрико ширкат доранд. Куба барои нахустин бор ба ин нишаст даъват шудааст. Ба иттилои расмӣ, наздикшавии равобити ИМА ва Куба масъалаи аслии нишасти Панама аст. Қарор аст, ки сарони кишварҳо равобити миёни Амрико ва Венесуэларо низ баҳсу баррасӣ кунанд. Раисиҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро изҳор намуд, ки аз Барак Обама лағви таҳримҳо алайҳи сиёсатмадорони кишварашро талаб хоҳад кард.

Нишасти сарони кишварҳои Амрико ба хотири ташаккули стратегияи муштарак дар ҳалли мушкилоти қора баргузор мешавад. Нахустин нишаст 21 сол пеш дар Майами доир шуда буд.

XS
SM
MD
LG