Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 6 апрел се сокини деҳаи Оҳангарони ҷамоати Муҷиғарфи ноҳияи Нуробод ба доманаҳои кӯҳ барои алафчинӣ мераванд, ки яке аз онҳо аз рӯи беэҳтиётӣ аз баландии 50 метр сарозер шуда ва ҷон бохтааст. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистонр рӯзи 8 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, сокини деҳаи Оҳангарони ҷамоати Муҷиғарфи ноҳияи Нуробод Насим Зуҳуров ҳамроҳи ду ҳамдеҳааш Фарҳод Ҳомидов ва Субҳоналӣ Забиров рӯзи 7 апрел ба доманаи кӯҳ барои алафчинӣ меравад, вале аз рӯи беэҳтиётӣ пеши роҳаро мушоҳида карда натавониста, аз баландии 50 метр меафтад. Кормандони наҷотбахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи ҷустуҷӯ ҷасади Насим Зуҳурови 28-соларо шаби гузашта пайдо намудаанд. Насим Зуҳуров соҳиби ду фарзанд будааст.

XS
SM
MD
LG