Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ гурӯҳи нируҳои додгоҳӣ ба ковиши тақрибан 12 гӯри дастаҷамъӣ оғоз кардаанд. Эҳтимол меравад, ки дар ин гӯрҳои дастаҷамъӣ тундравҳои “Давлати Исломӣ” ҷасади 1700 сарбозро дар Тикрит зери хок карда бошанд.

Ковишу ҷустуҷӯи гурҳо 6 апрел оғоз шуд, баъд аз он ки нируҳои амниятии ҳукуматӣ бо кӯмаки ниманизомиёни шиа тундравҳои “Давлати Исломӣ”-ро баъд аз як моҳи муҳосира аз ин шаҳр ронданд.

Баъзе аз ин гӯрҳо дар маҳали Кохи раёсати Саддом Ҳусейн ҷой гирифтаанд. Баъд аз он ки ҷасадҳоро берун овардаанд бо ёрии ДНК ҷасадҳоро шиносоӣ хоҳанд кард.

Бисёре аз сарбозони шиамазҳаб аз пойгоҳи пешини Амрико дар урдугоҳи Спичер будаанд, ки дар моҳи июни соли 2014 тавассути тундравҳои исломӣ кушта шудаанд. Тундравҳои “Давлати Исломӣ” наворҳои видеоӣ ва аксҳоро аз ҷараёни ин кушторҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонда буданд.

XS
SM
MD
LG