Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дармондани 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Яман


Як шаҳрванди Тоҷикистон аз минтақаи Ҳазрамавти Яман ба Радиои Озодӣ номае фиристодааст ва номаи мазкур аслан муроҷиати ин шаҳрванд ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав тавассути Радиои Озодист.

Дар он омадааст: “Мо дар маҷмуъ 15 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи Ҳазрамавти Яман 7 мард, 3 зан ва 5 кӯдак дармондаем, дар минтақаи ҳамсояги мо Маҳра дар маҷмӯъ 14 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак дармонданд. Аз ҳамин 29 нафар қариб 20 нафар ба Ватан баргаштанианд. Ман шахсан 4-5 маротиба ба сафорати Тоҷикистон дар Русия телефонӣ муроҷиат кардам, то бидонем, ки оё ягон нақша барои баровардани мо ҳаст. Ин минтақа ҳам фурудгоҳи байналмилаллӣ дорад ва хам дар шаҳри Мукалло бандари обӣ дорад”.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар нома аз худ ном набурдааст, пурсидааст, ки агар сафорат ягон нақшаи баровардани онҳоро надошта бошад, онҳо худашон роҳҳои дигари баромадан аз Яманро ҷустуҷӯ кунанд.

Вай навиштааст: “Ба сафорати Россия дар Яман муроҷиат кардем, мегӯянд, ки агар то Санъо биоед, мо ёрӣ мерасонем. Вале мо то шаҳри Санъо рафта наметавонем, 12 соат роҳ аст ва роҳҳо хатарноканд”.

Ба гуфтаи муаллифи нома, вазъ дар минтақаи онҳо низ рӯз то рӯз вазнин мешавад ва шояд роҳҳои баромад баста шаванд. Дар идомаи нома муаллиф роҳҳои беҳтари баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаи Ҳазрамавти Яманро пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG