Пайвандҳои дастрасӣ

Бо дархости Сафорати Тоҷикистон дар Русия шоми 6 апрел боз 22 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия аз пойтахти Яман ба ба Маскав парвоз карданд. Ин иттилоъро сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодирӣ низ ба Ситоди назди Сафорати ҶТ дар Москва тасдиқ кард. Интизор меравад, ки ин тайёра соати 22.15 шаб дар фурудгоҳи ҳарбии канори Москва поён ояд. Тибқи иттилои сафоррат, аз ин 22 нафар 4 нафар кӯдаконанд. Дар назар аст, ки онҳо субҳи 7 апрель тавассути хатсайри Москва- Душанбе ба Ватан фиристода хоханд шуд.

XS
SM
MD
LG