Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси қатли Фархунда дар "Ҷаҳони андеша"


Маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и Академияи улуми Тоҷикистон ҳодисаи лату куб ва куштори Фархунда, як духтари афғон ва ангезаҳои бархӯрди ҷомеа ба марги ӯ, ки гӯё барои оташ задани Қуръон дар Кобул аз сӯи гурӯҳе то дами марг лату кӯб шудааст, баҳс хоҳад кард.

Шодӣ Атоӣ, узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” рӯзи 3 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳфили навбати таҳти унвони «Марги даҳшатбори Фархунда дар Афғонистон ва ҷаҳолати таассубангез» рӯзи 8 уми апрел баргузор хоҳад шуд ва дар он донишмандон, коршиносону пажӯҳишгарон ширкат хоҳанд кард.

Ӯ афзуд, ҳадафи аслии ба баҳс кашидани сарнавишти талхи Фархунда, огоҳ кардани мардум дар баробари эҳтимоли ҳамингуна хатарҳо, яъне таассуби диниву ноогоҳӣ ва ҷаҳолат дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи Шодӣ Атой, дар ҷомеаи Тоҷикистон низ таассуб ба таври ҷиддӣ ҷой дорад, вале пинҳон аст.

Мавзӯи баҳси сарнавишти Фархундаро шоираи тоҷик Адибаи Азиз ба маҳфили “Ҷаҳони андеша” пешниҳод намуд ва гузориши асосиро низ дар маҳфил худи ӯ ироа хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG