Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

31 март охирин рӯзи музокироти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Лозаннеи Шветсария аст ва ҷонибҳои музокира то поёни рӯз бояд дар бораи чаҳорчӯби созишнома ба тавофуқ расанд.Дар он сурат дар ивази маҳдудиятҳои барномаҳои ҳастаии Эрон Ғарб таҳримҳои зидди ин кишварро сабуктар хоҳад кард.

Бо наздик шудани мӯҳлати поёнии музокирот ҷонибҳо бештар саъй мекунанд ба мухолифатҳои 12 сола роҷеъ ба фаъолиятҳои ҳастаии Эрон хотима диҳанд. Кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Эрон соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ мешавад, вале Эрон ин иддаоро рад мекунад.

Агар ҷонибҳои музокира роҷеъ ба чаҳорчӯби созишнома ба тавофуқ бирасанд, дар он сурат роҳ барои имзои созишномаи ниҳоӣ дар 31 июн ҳамвор хоҳад шуд.

Вазирони корҳои хориҷаи Амрикову Чин, Британияву Фаронса ва Олмон субҳи рӯзи 31 март бидуни ширкати Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия бо ҳам мулоқот карданд. Лавров шаби гузашта ба Маскав баргашт, вале агар нишонаҳои созиш мушоҳида шавад, вай дубора ба музокира бармегардад.

XS
SM
MD
LG