Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди САҲА аз интихоботи Узбакистон


Масъулини Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мегӯянд, ки интихоботи президентии Узбакистон раисиҷумҳури феълӣ Ислом Каримов рақиби воқеъӣ надошт ва дар ҷараёни ин маъракаи сиёсӣ камбудиҳои зиёди қонунӣ ва ташкилӣ ба чашм расиданд.

Арзёбии пешакии Дафтари сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА 30 март, як рӯз баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон, нашр шуд.

Раҳбари ҳайати нозирони САҲА Тана де Зулуета дар як изҳорот гуфт, ки Ислом Каримов дар сабқат назар ба дигар номзадҳо, аз ҷумла, дар тарғибот аз тариқи расонаҳо бартариҳо дошт, ҳарчанд қонун дастрасии баробари номзадҳо ба матбуотро муқарар кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Комиссиюни марказии интихоботи Узбакистон Ислом Каримовро дар ҳоле сабти ном кард, ки бар пояи Қонуни асосӣ як нафар фақат ду дафъа метавонад паиҳам раисиҷумҳур интихоб шавад.

Ислом Каримов бори чаҳорум аст, ки дар интихоботи раисиҷумҳури Узбакистон ширкат мекунад. Дар овоздиҳие, ки рӯзи 29 март баргузор шуд, беш аз 91 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштанд. Комиссиюни марказии интихоботи Узбакистон натиҷаҳои пешакии интихоботро ҳанӯз эълон накардааст.

XS
SM
MD
LG