Пайвандҳои дастрасӣ

Саудӣ дипломатҳоро аз Адан берун мекунад


Арабистони Саудӣ берун овардани дипломатҳои хориҷӣ ва дигар хориҷиёнро аз шаҳри бандарии Адани Яман шурӯъ кардааст. Телевизиони давлатии Саудия рӯзи 28-уми март гуфт, ки новҳои ҷангии Арабистони Саудӣ то кунун даҳҳо дипломатро аз Аден берун кардаанд. Амалиёти мазкур дар ҳолест, ки қарор аст, дар Миср нишасти сарони кишварҳои Лигаи арабӣ оғоз шавад, ки дар он муноқиша дар Яман масъалаи асосии баҳс аст. Хушунат дар Яман баъди он авҷ гирифт, ки размандагони қабилаҳои шиамазҳбаи ҳусӣ, ки Эрон онҳоро ҳимоят мекунад, соли гузашта шаҳри Санъоро гирифтанд ва Абдурабу Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури Яманро аз мақомаш барканор карданд. Бо вуҷуди онки эътилофе ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ҳамлаҳои ҳавоӣ ба зидди ҳусиҳоро шурӯъ кард, размандагони ин қабилаҳо рӯзи 27-уми март дар ҷануб ва шарқи Яман пешравӣ кардаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 27-уми март дар сӯҳбати телефонӣ бо Шоҳи Саудӣ Салмон аз амалиёт дар Яман ҳимоят кардааст. Раиси ҷумҳури Яман рӯзи 26-уми март аз шаҳри Адан ба Арабистони Саудӣ паноҳ бурд ва қарор аст, дар нишасти дурӯзаи Лигаи арабӣ дар Қоҳира ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG