Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймоҳои низомии Арабистони Саъудӣ рӯзи 27 март бомборони мавқеъҳои шибҳанизомиёни шиамазҳаби хутиро дар Яман идома доданд. Дар амалиёти низомӣ алайҳи хутиҳо ҳавопаймоҳои аъзои Эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саъудӣ – Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Қатар ва Баҳрайн ҳам ширкат доранд.

Расонаҳои ғарбӣ бо такя ба шоҳидон навиштанд, ки дар Санъо, пойтахти Яман, Кохи раисиҷумҳур ҳадафи бомбборон қарор дошт. Ба гуфтаи мақомоти яманӣ, ба мавқеъҳои хутиҳо дар вилояти нафтхези Мариб ва пойгоҳи низомии Анод, воқеъ дар шимоли шаҳри бандарии Ален ҳам зарба зада шуд.

Ба навиштаи сомонаи интернетии ямании Barakish.net., қароргоҳи хутиҳо шаҳри Саъд, воқеъ дар марзи Арабистони Саъудӣ, ҳам шабона мавриди зарбаҳо аз ҳавопаймоҳо қарор гирифт. Ба иттилои мақомоти ҳифзи сиҳати Яман, дар ду рӯи ҳамлаҳои ҳавоӣ дасти кам 39 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Арабистони Саъудӣ ва ҳампаймонҳояш дар минтақа мутмаинанд, ки шибҳанизомиёни шиамазҳаби хутӣ аз сӯи Эрон идора мешаванд ва ҳадафи Теҳрон - таҳти назорат гирифтани Яман аст. Аммо хутиҳо робитаашон бо Эронро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG