Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи фаъолияти “Давлати исломӣ” дар Қирғизистон


Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо судури як ҳукм фаъолияти гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро дар қаламрави ин кишвар манъ кардааст. Ҳукми ин додгоҳ аз 16 март ба иҷро даромадааст.

Дар авоили моҳи ҷорӣ додситонии вилояти Ӯш низ пешниҳод карда буд, ки “Давлати исломӣ” ва чанд созмони дигар, террористӣ эълон шуда, фаъолияташон манъ шавад. Ба ин феҳрист созмонҳои “Ҷабҳат-ан- Нусра”, “Катибат-ал-Имом-ал- Бухорӣ”, “Жаннат Ишқларӣ” ва “Давлати исломӣ” дохил шудаанд, ки ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ба ташвиқу таҳрики ҷавонон ва фиристодани онҳо ба Сурияву Ироқ машғул будаанд.

Бино ба маълумоти ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ, дар давоми солҳои 2012-2014 бештар аз 300 нафар шаҳрвандони Қирғизистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва онҳо асосан дар суфуфи гурӯҳҳои марбут ба “Давлати исломӣ” меҷанганд.

Аммо бо он ки мақомоти Тоҷикистон аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба унвони созмони террористӣ ва ифротӣ ном мебарад, вале то ҳол фаъолияти ин созмон дар ин кишвар ҳанӯз расман мамнӯъ дониста нашудааст.

XS
SM
MD
LG