Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамол боми ҳукумати Ҷиликӯлро кандааст


Боди шадид бинои ҳукумати ноҳияи Ҷиликӯл пурра хароб карда ва дар ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон симчӯби телефонро хароб кардааст.

Як мақоми ноҳияи Ҷиликӯл рӯзи 24 март ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз дар ин минтақа шамоли чунон сахт вазид, ки бар асари он боми бинои ҳукумати ноҳия ба таври комил тахриб ва боми бинои хонаи фарҳанг қисман вайрон шудааст. Вай гуфт, боди шадид дар чаҳор ҷамоати ноҳия боми ҳудуди 50 хонаро кандааст.

Ҳотамшо Шарифов, сардори бахши ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ҷиликӯл ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан барои муайян кардани зарари шамол як кумиссиюни махсус таъсис дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми ноҳияи Ноҳияи Хисрав гуфт, бар асари боди сахт манзили зисти ду сокини ин ноҳия ва 30 симчӯби телефон тахриб шуда, ҳоло дар ин ноҳия алоқаи телефони корӣ ё хонагӣ дастрас нест.

XS
SM
MD
LG