Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон аз тундравҳои ДОИШ нигарон аст


Расонаҳои хабарии Русия аз номи Бахтиёр Шарафов - коршиноси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон навиштаанд, тундравҳои “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар имтидоди марзи Узбакистон пайдо шудаанд. Бино ба гуфтаи Шарафов, хадамоти амнияти Афғонистон таъйид кардаанд, ки тундравҳои ДОИШ дар он сӯи марзи Туркманистон паноҳ бурдаанд ва фаъолияти худро дар наздикиҳои марз бо Узбакистон бештар мекунанд.

Бахтиёр Шарафов - корманди Хадамоти амнияти миллии Узбакистон гуфтааст, ДОИШ агентҳо ё эмиссарҳои худро ба Узбакистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ фиристодааст, то онҳо дар байни мардум таблиғот баранд. Ба гуфтаи вай, хадамоти амниятии Узбакистон аз ҳузури онҳо огаҳӣ пайдо кардаанд.

Шарафов гуфтааст, ҳоло дар сафи Ҳаракати исломии Узбакистон 5 ҳазор тундрав муттаҳид шудаанд ва нисфи онҳо шаҳрвандони Узбакистон мебошанд.

XS
SM
MD
LG