Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баргард, аммо бе кӯдак!"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Хешовандони як зани тоҷик ӯро маҷбур кардаанд, ки фарзандонаш аз марди афғонро ба Афғонистон баргардонад, вагарна ӯро ба хона роҳ намедиҳанд. Ҷавонзани тоҷик аз ӯ фақат Г ном бурдаанд, маҷбур шудааст, ҳарду фарзанди ноболиғашро ба ятимхона бидиҳад ва сипас ба хонаводаи падариаш баргардад. Дар бораи ин ҳодисаи такондиҳанда, ки дар Тоҷикистон кам дида шудааст, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар маърӯзаи солонаи худ хабар додааст. Дар ин маърӯза омадааст, шаҳрванд Г, сокини яке аз ноҳияҳои тобеи марказ ба шаҳрванди Афғонистон ба шавҳар баромада ва баъди соҳиби ду фарзанд шудан, хешовандони шавҳараш ӯро аз хона рондаанд ва ин ҷавонзан ночор ба Тоҷикистон баргаштааст. Ба гуфтаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон, падару бародаронаш гуфтаанд, ки ин занро бе фарзандонаш қабул мекунанд, зеро имкони хӯрондану пӯшонидани онҳоро надоранд ва бояд бачаҳояшро ба Афғонистон фиристад. Баъди муроҷиат ба дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон, ин ниҳод ҳамроҳ бо вазорати меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳарду кудакро дар ятимхона ҷойгир кардаанд ва модарашонро барои касбомӯзӣ ба Маркази омӯзиши калонсолон фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG