Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои хунин ба калисоҳои Лоҳур


Эътирози масеҳиёни Лоҳур баъди ҳамла ба ду калисо

Эътирози масеҳиёни Лоҳур баъди ҳамла ба ду калисо

Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи ду ҳамлаи маргталабона ба ду калисо дар шаҳри Лоҳури Покистон дасти кам 14 нафар кушта шудаанд. Ҳамлаҳо рӯзи 15-уми март сурат гирифтанд ва дар натиҷа 70 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳайдар Ашраф, муовини додситони шаҳри Лоҳур, гуфт, баъди ин ҳамлаҳо издиҳоми бахашмомада як нафарро, ки гӯиё дар ҳамла даст доштаанд, оташ задаанд ва хостаанд, як нафари дигарро худсарона ҷазо бидиҳанд. Ҳамлаҳои маргталабона дар маҳаллаи насрониҳо бо номи Явҳанаобод ва дар вақте рух додаанд, ки гурӯҳе аз мардум барои ибодат ҷамъ омада буданд. Эҳсонулло Эҳсон, як сухангӯи Толибон, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст ва гуфтааст, ки ҳамлаҳо кори дасти ду маргталаб буд. Ӯ гуфтааст, ки ингуна ҳамлаҳо бештар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG