Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Савченко аз сӯи табибони украинӣ ташхис шуд


Надежда Савченко

Надежда Савченко

Табибони украинӣ вазъи сиҳати вакили Верховная Рада Надежда Савченкоро дар боздоштгоҳи шаҳри Маскав ташхис карданд. Дар ин бора Марк Фейгин, вакили дифои Савченко, рӯзи шанбе дар Твиттер хабар дод.

Ин иттилоъро ахиран вазири умури хориҷии Украина Павел Климкин ва ваколатдори ҳуқуқи башари Русия Эмма Памфилова низ тасдиқ карданд.

Аз ин пеш дафтари матбуоти Раёсати давлатии корҳои Украина хабар дода буд, ки масъулини боздоштгоҳи Маскав ба табибони украинӣ иҷозаи ташхиси вазъи сиҳати Надежда Савченкоро намедиҳанд. Як манбаи русӣ ба хабаргузории "Интерфакс" ташреҳ кард, ки табибон асноди зарурии аз сӯи вазорати умури хориҷии Русия тасдиқшударо надоштанд ва аз ин рӯ ба онҳо иҷозати мулоқот бо Савченкоро надоданд.

Халабони нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Украина Надежда Савченко, ки тайи 80 рӯз ба нишони эътироз алайҳи боздошташ дар Русия гуруснашинӣ карда буд, рӯзи чаҳоршанбе эълом дошт, агар ба табибони украинӣ иҷозаи ташхиси ӯро надиҳанд, дубора гуруснашинӣ хоҳад кард. Надежда Савченко дар даст доштан дар ҳалокати ду хабарнигори рус дар Донбасс айбдор мешавад. Ӯ ин иттиҳомро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG