Пайвандҳои дастрасӣ

Демси мегуяд, неруҳои Ироқ дастболо мешаванд


Яке аз фармондеҳони олирутбаи Амрико изҳори боварӣ кард, ки размандагони шиамазҳабе, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешаванд ҳамроҳ бо нерӯҳои давлатии Ироқ дар набард ба зидди ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар шаҳри Тикрит дастболо мешаванд. Мартин Демси, сардори ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико рӯзи 7-уми март гуфт, 23 ҳазор размандагони шиамазҳаб, ҳамроҳ бо аъзои қабилаҳои суннӣ ва сарбозони Ироқ дар амалиёт ба зидди “садҳо” нафар аз ҷангҷӯён ширкат мекунанд. Аммо гуфт, Мартин Демси агар ҳукумати шиамазҳаби Ироқ ба мардуми умдатан суннимазҳаб баъди пирӯзӣ дар Тикрит кӯмаки башарии саривақтӣ нарасонад, ин ғалаба маънии зиёде нахоҳад дошт. Мартин Демси дар ин бора зимни сафараш ба Ироқ дар як киштии ҳавопаймобари Амрико сӯҳбат кард. Нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико дар амалиёт дар Тикрит ба нерӯҳои Ироқ кӯмак мекунанд. Бино ба гузоришҳо, Мартин Демси рӯзи 8-уми март барои он ба Ироқ меравад, ки нақши Эрон дар мубориза ба зидди ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломиро омӯзад. Нерӯҳои ҳукуматии Ироқ гуфтанд, ки рӯзи 6-уми март, шаҳри Дур дар наздикии Тикритро аз ҳузури ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ пок карданд ва барои ҳаракат ба шаҳри Ал-Алам омодагӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG