Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Куштори Немтсов баёнгари фазои Русия аст


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, гуфт, куштори Борис Немтсов – баёнгари фазои дохили Русия аст, ки дар он ҷомеъаи шаҳрвандӣ, хабарнигорони мустақил ва афроди аз тариқи интернет муошираткунанда ҳарчӣ бештар ба таҳдиду маҳдудиятҳо рӯбарӯ мешаванд. Ии изҳороти Обама дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters рӯзи 2 март, се рӯз баъд аз ҳамла ба Борис Немтсов дар канори Кремл садо дод.

Дар посух ба суол дар бораи эҳтимоли даст доштани ҳукумати Владимир Путин дар ин куштор, сарвари Амрико гуфт, ки ҳоло дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ягон иттилоъ надорад, аммо хуб медонад, ки вазъи озодии матбуот, озодии гирдиҳамоиҳо, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Русия назар ба панҷ ё даҳ соли пеш хело бадтар шудааст.

Барак Обама афзуд, гуфт, “ҳарчӣ бештар ягона манбаи иттилоъ дар Русия расонаҳои таҳти назорати давлат мешаванд”. Ва ин вазъ, ба гуфтаи ӯ, ба Русия имкон дод, ки дар таҷовуз ба умури Украина ширкат кунад.

Борис Немтсов, сиёсатмадори маъруф ва яке аз мухолифини сарсахти ҳукумати Русия, шоми 27 феврал дар канори Кремли Маскав дар ҳоле кушта шуд, ки ҳамроҳ бо модели украинӣ Анна Дуритская тарафи манзилаш мерафт.

XS
SM
MD
LG