Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷои куштори Немтсов гулгузорӣ мекунанд


Борис Немтсов-сиёсатмадори машҳури мухолифони сиёсии Кохи Кремли Маскав ва муовини пешини нахуствазири ин кишвар даҳҳо метр дуртар аз Кохи Кремл парронда шуд. Мухолифон ба нақша гирифта буданд, ки ду рӯз баъд бар зидди ҳукумати Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия тазоҳуроти эътирозӣ анҷом медиҳанд.

Вазорати корҳои дохилаи Русия таъйид кард, ки Немтсов дар болои пули бузарги Москворецкий дар наздикии Кохи Кремл шоми 27 феврал кушта шудааст.

Сокинони пойтахти Русия аз субҳи 28 феврал ба маҳали қатли Немтсов мешитобанд ва дар дар он ҷо гул мегузоранд. Ин ҷо аз ҳоло ба маҳали муқаддаси нируҳои мухолифон ва маҳали ёдгории раҳбари мухолифон табдил ёфтааст.

Расидагӣ ба куштори Борис Немтсов-сиёсатмадори мухолифи Кохи Кремлро Владимир Колоколтсев-вазири корҳои дохилаи Русия зери назорати худ гирифтааст. Елена Алексеева-намояндаи расмии ин вазорат хабар дод, ки бино ба таҳқиқот шоми ҷумъа дар Маскав Борис Немтсов бо духтаре дар кӯча машғули сайру гашт будаанд, бо духтаре, ки аз Украина омадааст. Ҳангоми сайру гашти онҳо мошине аз паҳлӯи онҳо гузашта тир холӣ кардааст.

Бино ба гуфтаи Алексеева, дар маҳали ҳодиса 6 тири холишуда пайдо кардаанд. Гурӯҳи тафтишотӣ ба чанд таъбири ин ҳамла расидагӣ хоҳад кард ва яке аз онҳо куштори фармоишӣ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG