Пайвандҳои дастрасӣ

Бишкек хостори истирдоди Боқиевҳо шуд


Ҷониш Боқиев

Ҷониш Боқиев

Даҳҳо нафар аз сокинони Бишкек рӯзи ҷумъа дар канори бинои сафорати Белорус дар Қирғизистон ҷамъ омада, хостори истирдоди раисиҷумҳури пешин Қурмонбек Боқиев ва бародари ӯ Ҷониш ба кишвар шуданд. Онҳо дар даст шиорҳои “Боқиевҳо – қотиланд” ва “Белорус, ба ҷинояткорон набояд паноҳгоҳ дод!” доштанд.

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 27 феврал бо як изҳороти пур аз эҳсос аз Минск талаб кард, ки бародарон Боқиевҳоро ба Бишкек истирдод кунад. Ӯ раисиҷумҳури барканоршуда ва бародари ӯ “ҳайвон” ва “одамхӯр” номид.

Вазорати умури хориҷии Белорус рӯзи ҷумъа аз лаҳни изҳороти сарвари Қирғизистон изҳори нороҳатӣ кард ва эълом дошт, ки раҳбари мутамаддин аз ин гуна тарзи гуфтугӯ парҳез мекунад.

Ҷониш Боқиев, ки солҳои 2008-2010 раиси гурӯҳи муҳофизони раисиҷумҳури Қирғизистон буд ва баъд аз суқути бародараш Қурмонбек Боқиев ҳамроҳ бо ӯ дар Минск панаҳ ёфт, дар даст доштан дар куштори яке аз раҳбарони олами ҷиноии қирғиз Алмамбет Анапияев гумонбар мешавад. Ҷасади Анапияев бо чанд зарби корд ахиран дар Минск ошкор шуд.

Додгоҳи низомии Бишкек 25 июли соли гузаштараиси собиқи ин ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиевро дар ғайбаш бо ҷурми даст доштан дар куштори тазоҳургарон дар ҷараёни эътирозҳои моҳи апрели соли 2010, ки бо суқути давлати Боқиев анҷомид, ба ҳабси абад маҳкум кард.Бародари ӯ Ҷониш Боқиев ва сарвазири собиқ Дониёр Ҳусейнов ҳам дар ғайбашон маҳкум ба ҳабси умрбод шуданд. Марат Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқро, ки дар замони раҳбарии падараш муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд, ба 22 соли зиндон, маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG