Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия то соли 2030 одамро ба моҳ мефиристад


Истгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ
Истгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ

Русия гуфтааст, ки Истгоҳи байналмиллалии кайҳониро то соли 2024 истифода хоҳад кард, бо вуҷуди он ки Амрико таҳдид кардааст, ки дар чаҳорчӯбаи таҳримҳои зидди Русия аз ҳимояти ин истгоҳ даст мекашад.

Дмитрий Рогозин-муовини нахуствазири Русия моҳи маи соли гузашта гуфта буд, ки ба сабаби мухолифатҳои миёни Маскав ва Вашингтон барои УкраинаРусия дархости Амрикоро барои идомаи фаъолияти ин истгоҳ баъди соли 2020 рад мекунад.

Вале Роскосмос дар эъломияе гуфтааст, ки нақшаи истифодаи дарозмуддати Истгоҳи байналмиллалии кайонӣ то соли 2024-ро раҳбарони ожонсҳои кайҳоннавардӣ ва фазонавардии ҳар ду кишвар 24 феврал баррасӣ кардаанд.

Дар ин эъломия омадааст, Русия ба нақша гирифтааст, ки “пойгоҳи кайҳонӣ”-и худро эҷод кунад ва модулҳои русии Истгоҳи байналмиллаии кайҳониро истифода барад.

Дар ин нақша ҳамчунин зикр шудааст, ки Русия мехоҳад то соли 2030 сафинаи одамдорро дар сатҳи моҳ нишонад. Ин нақшаест, ки ҳанӯз дар давраи Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буд. Роскосмос гуфтааст, ки ин нақшаҳо баъдтар ба тасвиб хоҳанд расид.

XS
SM
MD
LG